Дар ҷаласаи ахири кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) оши палави мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам ба ин феҳраст ворид карда шуд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо такя ба хабари муассисаи илму фарҳангу маорифи СММ аз рӯзи 2 декабр, бо қарори кумитаи байнидавлатӣ дар ҷаласаи Аддис Абебаи кишвари Эфиопия, дар қатори 12 номгӯи дигар, оши палав ("Oshi palav") ҳам мақоми хоси худро касб кардааст.
Дар шарҳи тасмими эътирофи оши палав ба ҳайси мероси фарҳангӣ, гуфта мешавад, ки ин ғизои миллии мардуми Тоҷикистон буда, “Шоҳи дастурхон” эътироф шуда 200 навъу намуд дорад. Ин ғизо тавони “дар сари як табоқ ба ҳам овардани мардумони мухталиф ва шахсони дорои дидгоҳҳои гуногунро дорад” ва дар ҷашнҳои шодиву ғам ва маросимҳои мухталиф таҳия мешавад.
Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо соли гузашта дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, "оши гӯшти мурғ", "палави токӣ", "оши девзира" ва "оши як ба як" пешниҳод шудааст. Ба фарқ аз Душанбе Тошканд оши палавро нафақат ҳамчун ғизои миллии мардуми узбак, балки ба ҳайси "падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ" ба ин рӯйхат фиристодааст.
Ҳамчунин қаблан расму оинҳои ҷашни Наврӯз, рақси кубагии румба ва ҳамчунин фарҳанги тайёр кардани оби ҷав (пиво) дар Белгия ба Рӯйхати тозанамуд (муаррифӣ)-и мероси ғайримоддии фарҳангии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) шомил гардиданд.
Дар Тоҷикистон солҳои охир сабқату ҷашнҳои оши палави беҳтарин дар шаҳрҳои калонтарини кишвар баргузор мешавад. Охири моҳи август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фестивали «Оши палави Хатлон» иштирок карда буд.
Дар ин навори видеоӣ бо ҷараёни баргузории озмуни оши палави шаҳри Хуҷанд шинос шуда метавонед.