АНОНС

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Агенттии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2016-и Кумитаи давлатии заминсозӣ баргузор мешавад. Оғоз соати11:00;

- Дар бинои Суди олии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8824 сомонӣ;

1 евро – 8.3948 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1298 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1963 — Котиби якуми КМ ҲКИШ, раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н.С.Хрущев перомуни дар ИҶШС мавҷуд будани бомбаи 100-мегатоннаи водородӣ маълумот дод.

2003 — Суди шаҳри Душанбе Р.Қаландаровро тибқи парвандаи куштори раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио С.Раҳимов  ба ҳукми қатл маҳкум кард.

2009 — Хабарнигори агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов дар синни 62-солагӣ бемаҳал дар Душанбе аз олам даргузашт.

1899 — Зодрӯзи нахустин Комиссари халқии маорифи ҶШСА Тоҷикистон (1924-1927) доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -12-17, рӯзона -4-9; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -13-18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -4+1. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -22-24, рӯзона -5-7.