Қаламрави шаҳри Душанбе ба масоҳати қариб 10 ҳазор гектар васеъ мешавад. Нақшаи нави генералии пойтахти Тоҷикистон мавриди баррасии мақомоти шаҳрдорӣ қарор дорад.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода қайд кард, ки нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе муддати 7 сол аз ҷониби ҶСК «Гипрогор»-и Русия таҳия шудааст ва барои тасдиқ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

Мувофиқи нақшаи нави генералӣ, ҳудуди пойтахт аз 12,5 ҳазор гектари ҳозира аз ҳисоби заминҳои шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ боз ба андозаи 9,5 ҳазор гектар зиёдтар мешавад ва ин кор давра ба давра то соли 2040 сурат мегирад.

Дар робита ба бинои нави парлумон зикр гардид, ки сохтмони бинои нави Парлумон дар заминаи бинои ҳозираи Вазорати кишоварзӣ, ҳукумати шаҳри Душанбе ва бинову иншооти мавҷудаи ҳудуди интихобшуда пешбинӣ шудааст.

Дар ҷойи собиқ бинои Театри Маяковский ва бинои Қасри президент, ки онҳо ҳам кӯчонида мешаванд, бинои нави ҳукумати ҷумҳурӣ сохта шуда, дар канори хиёбони Рӯдакӣ, оғоз аз кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Шотемур, аз кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ то кӯчаи Турдиев дар пеши биноҳои бунёдшавандаи Парлумон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди гулгашт бо паҳноии 53 метр ба нақша гирифта шудааст.  

Тибқи баъзе маълумот, раиси пойтахт ва муовинони ӯ муваққатан ба бинои Қасри президент кӯчидаанд. Баъди қабули Нақшаи нави генералӣ ва кӯчонида шудани биноҳои пешбинишуда, то бунёди бинои нав барои шаҳрдорӣ, он боз муваққатан ба бинои дигар мекӯчад, вале макони сохтмони ин бино алҳол маълум нест.