Ҷараёни таъмини нафақахӯрони Тоҷикистон бо кортҳои бонкӣ, ки соли 2010 шурӯъ гардида буд, давоми семоҳаи аввали соли равон ба итмом мерасад. Айни замон 88%-и онҳо тариқи чунин кортҳо нафақа мегиранд.

Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни ба пардохт тариқи кортҳои бонкӣ гузаронидани нафақахӯрон дар тамоми шаҳру навоҳӣ идома дошта, ин кор бепул сурат мегирад.

Роҳбари бонк қайд кард, ки айни замон 585,5 ҳазор нафар нафақахӯрон (88% аз шумори умумӣ) дар 60 филиалҳои «Амонатбонк» дар саросари кишвар нафақаҳои худро тариқи кортҳои бонкӣ дастрас мекунанд.

«Дар ҳамдастӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон механизми гузашти пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ дар шаҳру навоҳии боқимонда то охири семоҳаи аввали соли 2017 ба итмом расонида мешавад», - таъкид дошт раиси «Амонатбонк».

Ба гуфтаи ӯ, феълан шумори нафақахӯрони мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ 643 ҳазор нафар ва нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки дар як моҳ барои пардохти нафақаи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ - 182,6 млн. сомонӣ ва нафақаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 13,7 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.