Ҳукуматдорони Душанбе ният доранд, ки нимаи аввали соли равон нақлиёти мусофиркаши «Старекс»-у «Мерседес»-ро ба автобусу троллейбусҳо иваз кунанд. Таксиҳои шахсӣ низ боқӣ мемонанд.

Директори муассисаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ғаюрбек Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин кор бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт амалӣ шуда, дар тамоми қаламрави шаҳр ҳаракати нақлиёти мусофирбар чун дар хиёбони Рӯдакӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, яъне ҳаракати маршруткаҳо манъ ва танҳо ба равуои автобусу троллейбус ва такси иҷозат дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахт беш аз 3 ҳазору 31 адад микроавтобусҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

«Мо ният дорем, ки 8 микроавтобусро ба 1 автобус ё троллейбус иваз намоем, вале алҳол дақиқан гуфта наметавонам, ки автобусу троллейбусҳо аз куҷо харидорӣ мешаванд , лекин мушаххасан маълум аст, ки аллакай моҳҳои апрел-май онҳо ба Душанбе оварда мешаванд», - иброз дошт Искандаров.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳукумати шаҳри Душанбе барои интихоби таҳвилгари нақлиёти мусофирбар ба пойтахт тендери байнулмилалӣ эълон мекунад.