Соли 2016 барои кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон 8 ҳазор квота тасдиқ шуда, вале дар амал беш аз 11,3 ҳазор нафар хориҷиён машғули кор буданд.

Раиси Кумитаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, сабаби ин дар он аст, ки соли сипаришуда аз ҳисоби квотаҳои тасдиқшуда беш аз 5 ҳазор нафар хориҷиён бо кор таъмин шуда, боқимонда шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи шартномаву қарордодҳои байниҳукуматӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвар фаъолият доштаанд.

«Аксари шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, ки дар соҳаҳои саноати истихроҷу кӯҳкорӣ, энергетика ва сохтмон кор мекарданд», - қайд кард Тағойзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2016 барои риояи накардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон нисбати 492 нафар хориҷиён санадҳо тартиб дода шуда, 204 нафари онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ карда шуданд.

«Нафарони аз қаламрави Тоҷикистон хориҷшуда асосан шаҳрвандони Чин ва Афғонистон мебошанд, - иброз дошт вазир. - Маблағи умумии ҷаримаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои қонуншиканӣ дар ин самт беш аз 65,1 ҳазор сомониро ташкил дод».

Зимнан зикр гардид, ки масъалаи тасдиқи квотаҳои кор дар соли 2017 барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо фармони президент тасдиқ мешавад, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.