Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иди Наврӯзро санаи 22 март дар Кохи варзиши шаҳр ҷашн гирифтанд, зеро боридани барф ба таҷлили он дар ҳавои кушод имкон надод.

Баъди боздид аз намоиш бахшида ба ин ҷашн сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо фарорасии ҷашни Наврӯз раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва муовини нахуствазир Азим Иброҳим табрик карданд. Сипас бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарии шаҳру навоҳии вилоят намоишномаи театрикунонидашуда доир гардид. Дар гузориши тасвирии зер аксҳо аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хоруғ.

1/36