Шаби 18 апрел пас аз бемории тӯлонӣ писари 16-солаи овозхони маъруф Сурайё Қосимова аз олам даргузашт.
Ин маълумот дар саҳифаи хоҳари ӯ Фарзонаи Хуршед дар Фейсбук тасдиқ шуда, мардум ба ӯ изҳори тасаллият мекунанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон», Эмомалиҷони Хуршед, писари ноболиғи Сурайёи Қосим дар пайи бемории саратони хун ҷон дода, ҷанозааш имрӯз дар шаҳри Кӯлоб дар назар аст.
Гуфта мешавад, Эмомалиҷон ва Фарзона фарзандони Сурайё Қосим аз издивоҷи дуюмаш бо Хуршед Рабиев мебошанд. Худи Рабиев соли 2013 даргузашта буд. Аз никоҳи аввал Сурайё Қосим ду духтар - Шабнам ва Ҳафизамоҳ дорад.