Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои “Академияи мақоми Тоҷикистон”, Ансамбли “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва ҳаваскорон аз ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ансамблҳои рақсии “Лола”, “Зебо” ва “Базморо” бо рақсҳои дилошӯби худ зери оҳанги тасхиркунандаи “Шашмақом” ба ҳусни чорабинӣ ҳусни дигар зам карданд.

Шашмақом шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ мебошад. Ба туфайли Истиқлолият ва ваҳдату ягонагии сокинони кишвар дар тамоми минтақаҳои мамлакати азизамон нисбати ин шоҳкории бузург арҷгузорӣ карда мешавад.