Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, имсол иди анҷоми моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи душанбеи ҳафта, 26 июн рост меояд. Рӯзи дигар низ дар Тоҷикистон ид аст. Санаи 27 июн дар ҷумҳурӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳамин тариқ, бо назардошти ду рӯзи истироҳати ҳафта - 24 ва 25 июн (шанбе ва якшанбе), тоҷикистониён имсол пайдарҳам 4 рӯз истироҳат мекунанд.

Хотиррасон шуд, ки санаи саҳеҳи ҷашни Иди Рамазонро Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ дар остонаи ид эълон мекунад.

Тибқи тақвими имсолаи моҳи шарифи Рамазон, ки аз ҷониби Шӯри уламо таҳия шудааст, рӯзи охири моҳи рамазон имсол 25 июн буда, рӯзи дигараш ид аст, вале баъзан бо ҳисоби олимони бахши дину мунаҷҷимон, моҳи Рамазон 29 рӯз давом мекунад ва мутаносибан ид метавонад ба санаи 25 июн (якшанбе) рост ояд.

Бо вуҷуди ин, дар ҳар сурат рӯзи душанбеи баъди он истироҳат мешавад, зеро мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», агар ид бо рӯзи истироҳат ба шанбе ва якшанбе рост ояд, рӯзи душанбеи баъди он истироҳат мешавад.

Ҳамин тариқ, бо фарорасии Иди Рамазони имсола шаҳрвандони Тоҷикистон пайдарпай 4 рӯз - аз 24 то 27 июн истироҳат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 27 июн ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана ҳам рӯзи истироҳат аст. Санаи 27-уми июни имсол 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил мегардад.