Бо оғози моҳи шарифи Рамазон интизориҳои сокинони пойтахт тасдиқ шуда, нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ боло рафтанд. 

Рӯзи аввали моҳи Рамазон нархи картошка 1 сомонӣ - аз 4 то ба 5 сомонӣ зиёд шуд. Дар ҷойҳое, ки зери назорат гирифтанианд, савдогарон фурӯши картошкаро тамоман қатъ мекунанд. Масалан, дар бозори «Деҳқон», ки раҳбарияташ ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки бо 200 хоҷагиҳои фермерӣ созишнома бастааст, картошка якбора камёфт шудааст.

Помидор ҳам аз 4-5 сомонӣ то 8 сомонӣ ва қаланфури булғорӣ аз 10 то ба 15 сомонӣ қимат шуда, дар баъзе бозорҳои начандон бузурги пойтахт нархи помидор на камтар аз 10 сомонӣ ва қаланфури булғорӣ беш аз 16 сомонӣ аст.

Гӯшти гови пастсифат 36 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта шуда, гӯшти гови хушсифатро, ки дар пештахтаи дӯкон намегузоранд, метавон танҳо бо нархи 40 сомонӣ харидорӣ намуд.

Сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Бахтиёр Бобоҷонзода дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал асосан дар сатҳи пешина нигаҳдорӣ мешаванд ва танҳо картошка истисност, ки аз вилояти Суғд оварда мешавад.

«Деҳқонони вилояти Суғд арзиши картошкаро боло бурдаанд, аз ин рӯ, дар пойтахт ҳам он қимат шуд», - гуфт ӯ. - Мо имрӯз воридоти зиёди маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳияҳои тобеи марказро интизорӣ дорем».

Зимнан зикр гардид, ки помидор, қаланфури булғорӣ ё мева маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нестанд ва мутаносибан нархи онҳо дар бозор назорат намешавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 19 май раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон қарор ба имзо расонид.

Сокинони пойтахт бо арзу шикоятҳо дар мавриди беасос боло бурдани нархҳо, ба телефонҳои зерин муроҷиат карда метавонанд.

Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт – 221-77-48

Қабулгоҳи муовини раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода – 221-07-35

Навбатдори Ҳукумати шаҳри Душанбе – 223-22-14