Дар Тоҷикистон гуфтугузорҳое вуҷуд доранд, ки ҳукуматдорон ба хонаҳо рафтани кӯдакон дар Иди Рамазонро манъ карданианд. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи гӯё аз ҷониби мақомот ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои оростани дастурхони идона низ баррасӣ мешавад, аммо дар Кумитаи дин ин овозаҳоро рад карда, дар ҳамин ҳол изҳор мекунанд, ки доир ба ҷашн гирифтани Иди Рамазон тавсияҳои гуногун мавҷуданд.

Зимни ҷашни идҳои мусулмонӣ дар Тоҷикистон кӯдакон ба хонаҳо рафта, идро табрик мекунанд ва соҳибхона ба онҳо қанду шириниҳои гуногун туҳфа мекунад. Дар ҳама хонаҳо дастурхони идона ороста шуда, меҳмононро даъват мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Афшин Муқим дар ин робита иттилоъ дод, дар бораи чӣ гуна ҷашн гирифтани Иди Рамазон аз ҷониби ин ниҳод ҳеҷ дастуре содир нашудааст.

«Ҳеҷ чизе манъ нашудааст, одамон метавонанд оромона ба меҳмонӣ рафта, ҳамдигарро табрик кунанд, кӯдакон ҳам ба хонаҳо барои табриккунӣ рафта метавонанд, вале ба ҳар ҳол, мо ба волидон тавсия медиҳем, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, зеро аксар вақт чунин мешавад, ки кӯдакон аз соати панҷи субҳ аллакай дари хонаҳоро мекӯбанд, - мегӯяд ӯ. - Ғайр аз ин, мо ба оростани дастурхони сернозу нузу серхарҷ бо хӯрданиҳои зиёде кӯшиш мекунем, ки дарвоқеъ ҳам исрофкорӣ аст, зеро нархи 1 кило писта ҳозир 100 сомонӣ буда, ба кӣ чунин харҷи барзиёд лозим аст?».
Asia-Plus

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт низ ин овозаҳоро беасос хонда, сухангӯи раиси пойтахт Абдулмаҷид Ҳакимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин бора ҳеҷ гуна дастуру супорише содир нашудааст ва «ба мо маълум нест, ки киҳо чунин овозаҳоро паҳн мекунанд».

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳам гуфт, ҳеҷ гуна маҳдудияте вуҷуд надорад ва «ин як иди пуршукӯҳ буда, ҳар касе дар ин рӯз барои дӯстону наздикони худ як кори неку хайрхоҳие карда метавонад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.