Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Маскав таҳти унвони «Барои пулкоркунӣ ба Маскав» филми омӯзишиеро таҳия ва дар сомонааш нашр кард.

Ин навори видео барои муҳоҷирони корие пешбинӣ шудааст, ки ба Русия меоянд ва як дастурест оид ба таҳияи тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ҳузури расмӣ ва кор дар ин кишвар.

Филм чандзабона буда, ба ҷуз нусхаи аслӣ бо забони русӣ, дигар версияҳои он бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, озарбойҷонӣ ва молдавӣ низ вуҷуд доранд. Ғайр аз ин, ба гуфтаи роҳбари Маркази зикршуда Николай Федосеев, намоиши ин филм дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Молдова, Озарбойҷон ва ҳамчунин Украина дар назар аст.