Наврӯз Зикиров, аробакаши тоҷикеро, ки рӯзи 20 сентябр аз сӯи посбонҳои бозори "Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав латукӯб шуда буд, аз бемористон ҷавоб додаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар ҷараёни эътирозҳо ба ҳимоят аз ин аробакаши 27-сола, бино ба ҳисобҳо, то 350 нафар, аксаран тоҷикон боздошт шуданд.

Дар дафтари маълумотдиҳии бемористони клиникии рақами 68-уми шаҳри Маскав ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикировро рӯзи 25 сентябр ҷавоб додаанд. Дар бемористон гуфтанд, ки "ба саломатии ӯ дигар хатаре таҳдид намекунад.”

Аз бемористон баромадани ин аробакаши тоҷикро дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ карданд.

Латукӯби Наврӯз Зикиров аз сӯи посбонҳои фурӯшгоҳи "Москва” дар минтақаи Люблинои пойтахти Русия дар ҳафтаи гузашта ба эътирозҳои то кунун бесобиқаи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав оғоз гузошт.