Хизматчиёни ҳарбии Русия, ки дар Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба муносибати Рӯзи байнулмилалии пиронсолон ба аёдати бошандагони хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбони «Батош» дар шаҳри Турсунзода рафтанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ин сана табрик гуфта, ба онҳо чизҳои мавриди ниёзи аввал, аз қабили сарулибос ва пойафзол, лавозимоти гигиенаи шахсӣ ва маҳсулоти ғизойӣ тақдим карданд.


Баргузории иқдомҳои башардӯстона барои хизматчиёни ҳарбии рус ва аҳли оилаи онҳо як анъанаи хубе шудааст, ки давоми чандин сол идома дорад. Аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта низомиёни рус ин хона-интернатро сарпарастӣ мекунанд.

Шурӯъ аз соли 1991 бо қарори Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 1 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии пиронсолон (International Day of Older Persons) ҷашн гирифта мешавад.


Бино ба маълумоти СММ, айни замон дар саросари дунё қариб 700 млн. нафар шахсони синнашон аз 60-сола боло зиндагӣ доранд. То соли 20150 шумори шахсони синнашон аз 60-сола боло то 2 млрд. нафар расида, беш аз 20%-и аҳолии сайёраро ташкил хоҳад дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.