Марҳилаи якум аз се даври барномаи шоуи телевизионии SILK WAY STAR дар Алмаато ба итмом расида, аз рӯи натиҷаҳои он миёни 9 кишвар намояндаи Тоҷикистон Сафармуҳаммад Қодирӣ зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Дар марҳилаи охири даври сеюм аз рӯи шарти озмун Сафармуҳаммад суруди Миратобек Атобеков «Суранами кечир мени»-ро бо забони қирғизӣ ба иҷро расонида, аъзои ҳакамон ба ҳунари ӯ баҳои баландро сазовор донистанд.

Сафармуҳаммад зикр кардааст, ки ҳарчанд забонҳои чиниву англисӣ ва русиву форсиро хуб донад ҳам, иҷрои суруд бо забони қирғизӣ барояш душвор буд, зеро ба иштирокчиён барои омода кардану иҷрои суруд бо забони хориҷӣ ҳамагӣ ду рӯз муҳлат доданд.

Қобили зикр аст, ки барои дастгирии Сафармуҳаммад Қодирӣ ин дафъа ҳамватанаш Парвиз Назаров бо ҳамсару фарзандонаш ба озмун омад, ки ба ҳунармандии хуби овозхони тоҷик мусоидат кард.

 

Барои дастгирии ӯ Парвиз Назаров ба озмун омад
Asia-Plus

Даври дуюми барномаи шоуи телевизионии SILK WAY STAR дар Алмаато аз 15 октябри соли равон оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.