Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи барҳам додани бозори «Шоҳмансур» қарор ба имзо расонид. Ояндаи наздик бозор кӯчонида мешавад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ қарори мазкурро санаи 9 октябр ба имзо расонида, аммо дар сомонаи шаҳрдорӣ он имрӯз, 11 октябр нашр шуд.

Раиси пойтахт ба Раёсати рушди иқтисод ва савдо, КВД «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе дастур додааст, ки миёни фурӯшандагони бозор корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар муҳлати кӯтоҳтарин барои боздоштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур чораҷӯӣ кунанд.

Ҳамчунин дар қарор супориш дода шудааст, ки бо мақсади ба ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон ҷиҳати идома додани фаъолияти соҳибкориашон дар дигар нуқтаҳои савдои муқарраршудаи муносиб чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Субҳи имрӯз бозори «Шоҳмансур», ки миёни аҳолӣ бештар бо номи «Бозори зелёний» маъруф аст, барои харидорон комилан баста шуд. Фурӯшандагон молу маҳсулоти худро ҷамъ карда, барои ба ҷойи дигар кӯчидан омодагӣ мегирифтанд. Айни замон аксари онҳо баҳри дарёфти ҷойи нави корӣ дар бозори «Меҳргон» талош меварзанд.

Машраб Қараев, мудири бозори Шоҳмансур рӯзи 9 октябр ба савдогарони бозор хабар додааст, ки мувофиқи дастури раиси пойтахт, бозор ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, то охири ҳамин ҳафта фурӯшандаҳо бояд ба бозори «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90») раванд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он аз буҷети пойтахт 202,6 млн. сомонӣ (ҳудуди 40 млн. доллар) маблағ ҷудо шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.