Саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Русия дар соли гузашта дар ҳаҷми қариб 1 млрд. рубл арзёбӣ кардаанд, ки ин беш аз 17 млрд. долларро ташкил медиҳад.

«Саҳми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар ММД-и Русия дар соли 2016 наздики 1 триллион рубл ё худ 1,2% аз ҳаҷми умумии онро ташкил дод», - гуфта мешавад дар таҳқиқоти Раёсати таҳлили мушкилоти иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.

Муаллифони таҳқиқот муқаррар кардаанд, ки маоши муҳоҷирони байнулмилалии корӣ аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи шаҳрвандони Русия 20-25% камтар аст, ки аз таъсири начандон назарраси он ба сатҳи пардохти маоши аҳолии маҳаллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Зикр мегардад, ки натиҷа ва хулосаҳои таҳқиқотро мақомоти ҳокимияти Тоҷикистону Русия зимни асосноккунӣ ва роҳандозии сиёсати муҳоҷират, таҳияи пешниҳод оид ба такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамгиройӣ дар доираи ИДМ ва дигар ҷараёнҳои ҳамгиройӣ дар ин минтақа истифода карда метавонанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот зимни кори семинар дар мавзӯи «Таъсири муҳоҷирати кории байнулмилалӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Русия», ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, пешкаши умум гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҳузур доранд. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан наздики 1 млрд. доллар маблағ фиристоданд, ки қариб ба сеяки ММД-и Тоҷикистон дар соли 2016 баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.