Мактаби рақами 6-и Вазорати мудофиаи Русия, воқеъ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе 20-солагии таъсисёбиашро бо консерти идона ҷашн гирифт.

Дар маросими ҷашн омӯзгорону хонандагони мактабро ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, сафорати Русия дар ҷумҳурӣ, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарони мактабҳои олӣ табрик карда, ҳамчунин фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия генерал-полковник Владимир Заруднитский низ номаи табрикотӣ ирсол намуд.


Барои ҳамаи меҳмонон, ки дар ин рӯзи ид дар саҳни мактаб хеле зиёд ҷамъ омада буданд, толибилмони мактаб ва омӯзгорон консерти идона намоиш доданд.


Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 аз соли 1997 дар Душанбе фаъолият дорад. Бинои мактаб дар маркази шаҳр аз 3 ошёна иборат буда, синфу озмоишгоҳ, ошхонаву китобхона, толорҳои варзишу машқ ва дигар синфҳо барои машғулияти маҳфилҳои гуногун бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.


Қобили зикр аст, ки сатҳи таълим дар муассисаи мазкур маъмулан баланд буда, ҳамасола то 97 фоизи хатмкунандагони муассиса ба макабҳои олии Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ дохил мешаванд.