Аллакай муддати 1 сол аст, ки Идораи марказии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и шаҳри Душанбе дар бинои начандон бузурги якошёна дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» фаъолият дорад. Бино аз қисмати маъмурӣ, толори тантанавӣ, толори навбатпоиву аксбардории навхонадорону наздикони онҳо ва меҳмонон иборат аст.

1/8

Албатта, хонаи ақди никоҳи ҳозира ба мисли хонаи ақди никоҳи пешинаи Маркази ҷавонон (қаблан Маркази равобити пойтахт), ки тӯли даҳсолаҳо Идораи марказии САҲШ дар он воқеъ буд, он қадр пуршукӯҳ нест, вале ба гуфтаи кормандони САҲШ, барои Хонаи ақди никоҳи Душанбе бинои нав сохта мешавад. Алҳол кай ва дар куҷо буданаш маълум нест.