Беш аз 1 ҳафта боз муҳоҷирони тоҷики қатораи Маскав - Душанбе, ки дар истгоҳи Оқсарой-1 дар марзи Русия ва Қазоқистон аз қатора фароварда шуда буданд, ба хонаҳояшон баргашта наметавонанд.

Идораи «Азия-Плюс» ҳамеша бо муҳоҷирон дар тамос аст. Имрӯз масъалаи ба ватан фиристодани онҳо ҳал шуд. КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» онҳоро бепул ба ватан меорад.

Муҳоҷирони тоҷик дар Оқсарой
Акс аз ҷониби Орифҷон Файзуллоев пешниҳод шуд

Файзуллоев Орифҷон, яке аз ин муҳоҷирони дармонда мегӯяд, онҳо наздики 5 ҳазор рубл ҷарима пардохта, муддати ин рӯзҳо дар бинои истгоҳи Осарой-1 (Аксарайск-1, рӯи фарш зери назорати мақомоти ваколатдор мехобанд.

«Албатта, мо ба гуноҳи худ иқрор мешавем. Аксари мо ба қонунҳои муҳоҷират риоя накардем, ҳуҷҷатҳоямонро гум карда, саривақт хабар надодем ва дар ин ҳолат касеро гунаҳкор намекунем, лекин дар ин 8 рӯз хаста шуда, ба хонаҳоямон рафтан мехоҳем», - мегӯяд номбурда.

Ба қавли ӯ, занону кӯдаконро бо қатораи дирӯза ба ватан фиристода, дар ин ҷо аксари муҳоҷирон барои харидани билет то Душанбе пул надоранд.

Намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон Нодира Абдуллоева дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки тибқи қонунгузорӣ мақомоти ваколатдори Русия ба аз қатора фаровардани муҳоҷирон дар марз барои санҷиши иловагӣ ҳуқуқ доранд,

«Лекин ба ин миқдор хеле зиёд фаровардани муҳоҷиронро дар хотир надорам. Мо бо ҳамтоҳои худ дар Русия дар тамос шуда, ба онҳо ҳамроҳ кумак карданием. Муҳоҷирон ба мо занг мезананд, вазъи молиявиашон бад аст ва касоне, ки барои билетхарӣ пул надоранд, намедонанд чӣ кор кунанд», - мегӯяд ӯ.

Акс аз ҷониби Орифҷон Файзуллоев пешниҳод шуд

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамаи муҳоҷирони дар Оқсарой дармондаро бепул ба ватан бурда метавонад. Ин маълумотро ба «Азия-Плюс» Анвар Латифзода, сардори котиботи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ тасдиқ кард.

«Мо уҳдадор шудем, ки ҳамаи ҳамватанони аз қатораҳо фаровардаро бепул то Душанбе расонем. Баъди ҳаллу фасли пардохти ҷаримаҳо бо қатораи аввалин онҳо ба ватан фиристода хоҳанд шуд», - иброз дошт ӯ.

Акс аз ҷониби Орифҷон Файзуллоев пешниҳод шуд

Намояндаи сафорат Сарвар Бахтӣ ҳамчунин хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид муҳлати маълумотномаҳои додашуда ба шаҳрвандони кишвар ба ивази ҳуҷҷатҳои гумшуда дароз карда мешаванд, то ки онҳо ба Тоҷикистон рафта тавонанд.

«Шаҳрвандони мо дар ин ҷо наздики 130 нафаранд. Мо кӯшиш дорем то ки судҳо ҳарчи зудтар дар мавриди шаҳрвандонамон қарорҳои худро содир кунанд. Барои ҳаллу фасли зудтари мушкилоти онҳо, кормандони мо ҳам бо шаҳрвандон ва ҳам бо мақомоти маҳаллӣ вохӯрданд. Бо анҷоми ҳамаи расмиёти зарурӣ шаҳрвандон ба ватан фиристода мешаванд», - афзуд намояндаи сафорат.