Рӯзи 21 ноябр дар пойгаи аспҳо дар "Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ҷоизаи асосӣ – мошини "Мерседес”-ро аспи англисии "Шарқ” барои соҳибаш - Анӯшервони Рустам, писари шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва набераи президент Эмомалӣ Раҳмон овард. Як аспи дигари набераи президент моҳи сентябр низ дар пойгаи аспҳо дар "Наврӯзгоҳ” барои соҳибаш мошин "Мерседес” оварда буд.

Шоҳҷоизаи пойгаи аспдавонии рӯзи 21ноябр ба муносибати Соли ҷавонон дар "Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанберо аспи "Шарқ” таҳти идораи човандоз Фирдавс Саломов ба даст овард. Ин аспи сесолаи англисӣ ба Анӯшервони Рустам, писари шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва набераи президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

Пойгаи аспҳо дар "Наврӯзгоҳ” дар 7 дав ба масофаҳои 1600, 2000 ва 2400 метр доир шуд.

Дар масофаи 1600 метр байни аспҳои дусола ҷои аввалро човандоз Шоҳрух Ятимов бо аспе бо лақаби "Приз” аз Файзобод бо натиҷаи 1 дақиқаву 48 сония соҳиб шуд.

Дар байни аспҳои дусолаи англисӣ ҷои аввалро "Паймон” аз Душанбе (човандозаш Фирдавс Саломов) бо натиҷҷаи 1дақиқаву 38 сония гирифт.

Дар сабқати аспҳои туркмании навъи ахалтекин ҷои аввал насиби аспе бо лақаби Гулрӯ аз Хуҷанд (човандозаш Рамазон Юнусов) бо натиҷаи 1 дақиқаву 58 сония шуд. Аспи тоҷикӣ бо лақаби Звезда аз Роғун (човандозаҳ Раҳматшо Бегиҷонзода) пирӯзӣ дар дави чорумро бо натиҷаи 1 дақиқаву 54 сония ба худ ихтисос дод.

Аспҳои сесола дар масофаи 2000 метр сабқат карданд. Ин сабқатро аспи дигар аз корхонаи асппарварии Файзобод бо лақаби Энергетик (човандозаш Рустам Зуҳуров) ба даст овард. Гулхон аз Хуҷанд ва Гургон аз Ваҳдат ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд.

Дар сабқати аспҳои чорсола ба масофаи 2400 метр ҷои аввал насиби асри "Гандикап” аз Ховалин (човандозаш Умед Мирзоев) шуд. Ду ҷои баъдиро аспҳои Файзобод бо лақабҳои Вибралон ва Адекват соҳиб шуданд.

1/15

Аммо дави асосӣ, албатта, барои дарёфти шоҳҷоиза – мошини "Мерседес” буд. Барои ин ҷоиза 6 аспи сесолаи англисӣ дар масофаи 2000 метр сабқат карданд. Човандоз Фирдавс Саломов алакай дар аввали мусобиқа пештоз шуд ва аввалин шуда, бо натиҷаи 2 дақиқаву 4 сония марраро фатҳ кард. Ҷои дуюмро Эпсон Б аз Душанбе ва ҷои сеюмро аспе бо лақаби Баракат аз Файзобод ба даст оварданд.

Дар ду моҳи охир ин бори дуюм аст, ки аспҳои Анӯшервони Рустам, писари шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва набераи президент Эмомалӣ Раҳмон дар пойгаи аспҳо дар пойтахт соҳиби шоҳҷоиза мешаванд.

Як аспи дигар аз аспхонаи набераи президент бо лақаби Рахш дар пойгаи рӯзи 16 сентябр дар "Наврӯзгоҳ” низ барои соҳибаш ҷоизаи аввал – мошини "Мерседес” оварда буд.

Дар он пойга 49 сар аспи зоти тоҷикӣ, ахалтекин(туркманӣ), англисӣ ва омехта, аз аспхонаҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон ширкат дошт.

Дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои савории зоти англисии аз чаҳорсола боло асп бо лақаби "Рахш” аз Душанбе, соҳибашАнӯшервони Рустам, савораашФирдавс Саломов, мураббиашХонҷон Сафаров, бо натиҷаи 2 дақиқаю 4 сония пирӯз шуд. Ба ғолиб мошини тамғаи "Мерседес” ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ эҳдо гардид.

Мақоми дувумро аспе бо лақаби "Фаввора” аз Душанбе, соҳибаш раиси Додгоҳи олии ТоҷикистонШермуҳаммади Шоҳиён, савораашАслам Ҳамроқулов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония касб намуд. Барои ҷойи дувум 2 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Ҷойи севумро асп бо лақаби "Гулистон” аз шаҳри Хуҷанд, соҳибашДавронхон Алиев, савораашШукруллохоҷа Усмонов, мураббиашГулбаҳор Аҳмадовабо натиҷаи 2 дақиқаю 9 сония ишғол кард. Барои ҷойи севум якуним ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар пойга бо аспҳои зоти тоҷикии аз чаҳорсола боло ба масофаи 2 ҳазор метр асп бо лақаби "Ганди кап” аз хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, савораашУмед Мирзоев, мураббиашСадриддин Сатторов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 21 сония ғолиб гардид. Ба ғолиби ин пойга ҷоизаи молӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Боз дар шаш пойгаи дигар ба масофаи 1600 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд. Зимнан, маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 51 хазор сомониро ташкил медод, ки онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ихтисос додааст.

Пойгаи аспдавонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли аввали таъсиси ипподроми Душанбе баргузор мешавад. Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи асптозӣ, бахусус баъди азнавсозии ипподром, ки номи "Наврӯзгоҳи пойтахт”-ро гирифтааст, зуд-зуд доир мегардад. Ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили идҳои суннатии мардуми тоҷик – Наврӯз, Меҳргон ва инчунин ҷашни Истиқлол баргузор кардани пойгаи аспдавонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Баъзе аз раҳбарону сарватмандон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, аз қабилиРустами Эмомалӣ, Шорҳрух Саидзода,Муродалӣ Алимардон, Шермуҳаммади Шоҳиён, Қосим Қосимов, Беҳзод Файзуллоев, Дост Ҳакимов, Хол Машрабовва дигарон ба аспу аспдорӣ завқи беандоза доранд. Онҳо мегӯянд, ки аз ин шуғл ё ҳоббӣ хеле ҳаловат мебаранд.

Нархи аспҳое, ки дар пойгаҳо ғолиб мешаванд, ба гуфтаи ҳолдонҳо ба садҳо ҳазор доллар мерасад.