АНОНС

- Дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор мешаванд;

- Дар Маркази «Вефа» маросими тақдими ҷоизаҳои ғолибони озмуни иншо ва аксҳои беҳтарин «Ман бо духтарам ифтихор дорам» доир мегардад. Оғоз соати 16:00;

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе шоми эҷодиёти Темур Зулфиқоров ва муаррифии нашри нави романи ӯ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8177 сомонӣ;

1 евро – 10.4454 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1495 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1986 — Ҳавопаймои ТУ-154М бори нахуст ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

1991 – Маъракаи нахустини интихоботи умумихалқии президенти ҶТ доир гардид. Раҳмон Набиев сарвари давлат интихоб шуд.

1992 – Қонунҳо «Дар бораи нишони давлатии ҶТ» ва «Дар бораи Парчами давлатии ҶТ» қабул шуданд

2009 — Дар Тоҷикистон бори нахуст ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид.

2013 — Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатиро бо веломарафон ҷашн гирифтанд.

1939-1984 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Назира Қаҳҳорова.

1942 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева.

1947 – Зодрӯзи нависанда ва журналист, сардабири ҳафтавори «Курер Таджикистана» Муҳаммадҷон Тоштемиров.

1950 – Мавлуди журналист Шаҳбозхон Саркориев.

1962 – Зодрӯзи иқтисодчӣ Комил Шарифов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +21+23.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +7+9.