АНОНС

- Муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Ситоди марказии артиши ИМА генерал-лейтенант Теренс Мак Кеник бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8144 сомонӣ;

1 евро – 10.4627 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1493 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 — Бо фармони КИМ ҶШС Тоҷикистон шаҳри тобеи вилояти Хоруғ таъсис дода шуд.

1963 – Дар Душанбе комбинати равғану чарбу ба фаъолият оғоз кард.

1992 – Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

2010 — Бо мусоидати Ҷопон роҳи мошингарди Душанбе - Панҷи Поён ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад.

1915-1945 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.

1956 – Мавлуди арбоби давлатӣ Бахтиёр Худоёров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21 дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.   

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ боришот (борону барф.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +17+19.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +5+7.