АНОНС

- Дар бинои маҷмааи «Душанбе-Плаза» ба муносибати Рӯзи маъюбон (3 декабр) дар мавзӯи дастрасии маъюбон ба иншооти меъморӣ ва воситаҳои нақлиёт мизи гирд доир мегардад. Оғоз соати 09:00 дар ошёнаи 4-ум.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8116 сомонӣ;

1 евро – 10.5193 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1947 – Шумораи нахустини маҷаллаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» нашр шуд.

2010 — Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими бастани маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 доир гардид.

1950 – Зодрӯзи овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Владимир Каримов.

1951 – Мавлуди нависанда Амир Сайиди Мункӣ.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Равшани Раҳмонӣ.

1970 – Мавлуди рӯзноманигор Саидмуроди Хоҷазод.

1989 — Зодрӯзи журналист Абдулло Ашӯров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -16-21, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +5+10.   

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +16+18.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +8+10.