Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» - tajikistantimes.tj-ро қатъ кард.

Кормандони нашрия мегӯянд, тайи ду рӯзи охир бидуни ҳеҷ огаҳие дастрасӣ ба сомонаро Хадамоти алоқа бастааст.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо, Хадамоти алоқа дар баробари дигар доменҳое аз қабили get.tj, ism.tj, nic.tj, домени tajikistantimes.tj-ро низ ба фурӯш гузоштааст, ҳарчанд нашрия барои ҳуқуқи моликият ба ин домен то соли 2030 маблағашро пардохт кардааст.

Онҳо зикр карданд, ки аз чандин маротиба кӯшишҳо барои фаҳмидани сабабҳои қатъи дастрасӣ ба домени нашрия ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба гурӯҳи расонаҳои «Оила» дохил аст, ки раҳбариашро Шариф Ҳамдампур бар дӯш дорад. Сомонаи tajikistantimes.tj, ки қаблан бо номи pressa.tj фаъолият дошт, аз соли 1999 дар фазои маҷозӣ арзи ҳастӣ намуда, яке аз аввалин сомонаҳои иттилоотии кишвар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.