Дар Олимпиадаи 14-уми байналмилалии «IZHO-2018» дар шаҳри Алмаато (10-16 январ) аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ толибилмони тоҷик 11 медал ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маоиф ва илми ҶТ, дар  ин олимпиада довталабон аз 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Туркманистон, Туркия, Индонезия, Сербия, Руминия ва Булғория байни ҳам рақобат намуданд.

Гуфта мешавад, намояндагони Тоҷикистон дар маҷмӯъ соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ: 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2017 (соли 2017: 2 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) 4 медал зиёд мебошад.

Хонандаи литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В» Абӯбакр Усмонов соҳиби медали тилло шуд. Инчунин  Меҳрон Бобохонов, Наимҷон Хонҷонов, хонандагони ҳамин муассиса аз фанни математика, Фарҳод Ҳакимиён,  хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардиданд. 

Сабина  Абдураҳмонова аз фанни физика, Парвизҷон  Алиев ва Муҳаммадҷон Кличев аз фанни математика аз «Литсей барои хонандагони болаёқат», Далер Пиров, Фараҳманд Ҳасанов аз фанни физика, Комрон Абдуллоев аз математика, Хусрав Ашурзода аз фанни технологияи иттилоотӣ аз муассисаи таълимии «Ҳотам ва П.В» сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи ҷоизадорони олимпиада ба таҳсил дар Донишгоҳи ба номи Назарбоев ва Донишгоҳи миллии Боку даъват шудаанд, ки ин муассисаҳои таълимӣ барои хароҷоти таҳсили онҳо грантҳо ҷудо мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.