Нимаи соли гузашта дар Тоҷикистон замимаи «Стандарт» таҳия шуд, ки тариқи он пешниҳоди арзу шикоят тариқи онлайн имконпазир мегардад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» сардори шуъбаи робитаҳои байнулмилалии Агентии «Тоҷикстандарт» Саид Мавлонов изҳор намуд, ки замимаи «Стандарт» барои платформаҳои Андроид ва IOS таҳия шуда, онро метавон дар Play Market ё дар AppStore нусхабардорӣ (баргирифт, скачать) кард.

«Ба ин замима метавон доир ба маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо арзу шикоят фиристод. Замима бо мақсади шаффофияти муроҷиати аҳолӣ ба Агентӣ роҳандозӣ шуда, то ҳанӯз дар реҷаи озмоишӣ кор мекунад ва ба сомонаи расмии навшудаи www.standard.tj пайваста аст, вале ҳоло на сомонаву на замима расман мавриди корбарӣ қарор нагирфтаанд», - иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки аз замони нашри маълумот дар бораи замимаи «Стандарт» аҳолӣ чандин маротиба аз он истифода карда, доир ба риоя нашудани қоидаҳои савдо ва меъёрҳои маҳсулот, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва дигар қонуншиканииҳо дар ин самт муроҷиат кард ва бо мусоидати кормандони Агентӣ ин камбудиҳо саривақт бартараф карда шудааст.

«Баъди ҳаллу фасли баъзе масъалаҳои техникӣ аввали моҳи феврал сомонаи расмии «Тоҷикстандарт» ва замимаи мобилии он расман мавриди корбарӣ қарор гирифта, тамоми воситаҳои истифодаи он барои доираи васеи аҳолӣ дастрас мешавад», - илова кард Мавлонов.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.