Дар ҷараёни нишасти хабарӣ директори Маркази миллии тестӣ (ММТ) Хуршед Икромӣ изҳор намуд, ки соли 2017 низ довталабон бештар ба касбҳои ҳуқуқшиносу табиб афзалият доданд.

Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз ҷавонони кишвар ба ихтисосҳои самти техникӣ чандон таваҷҷуҳи зиёд надоранд.

Ӯ қайд кард, ки соли 2017 тавассути гузаштан аз тестҳо 69 ҳазору 900 нафар довталабон ба мактабҳои олӣ ва чанде аз муассисаҳои таълимии миёнаи махсус қабул шуданд.

Зикр гардид, ки шумори довталабон ба ихтисосҳои марбут ба соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ аз нақша ду баробар зиёд - мутаносибан 221,9% ва 219,3%-ро ташкил дода, дар ихтисосҳои техникӣ ин рақам ҳамагӣ ба 82,9% баробар шуд.

Аз ҷумлаи дастовардҳои марказ дар соли гузашта Хуршед Икромӣ ҷорӣ шудани онлайн-тестҳо барои санҷиши дониш пеш аз тест, афзоиши шумори адабиёти методӣ, шумори духтарони довталаби қабул ба муассисаҳои таълмӣ ва шумори нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонгириро номбар кард.

Бино ба маълумоти шахсони масъули марказ, соли 2018 ҷорӣ шудани ҳеҷ навгоние дар назар набуда, шумори мактабҳои олӣ ва ихтисосҳо низ бетағйир боқӣ мемонад. Танҳо афзоиши шумори довталабон дар назар аст, ки соли равон беш аз 100 ҳазор нафар пешгӯӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.