Ширкати миллии «Тоҷиктелеком» трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад. Тибқи таҷрибаи кишварҳои дигар.

Директори генералии «Тоҷиктелеком» Музаффар Ҳимматов дар ин робита ба журналистон изҳор намуд, ки ба гунаи мисол чунин тартибот дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Ӯзбекистон амал мекунад.

«Қирғизтелеком» ва «Ӯзтелеком» ба провайдерон интернет мефурӯшанд. Аз лиҳози техникӣ мо ҳам чунин имкон дорем. «Тоҷиктелеком» низ ба харидани интернет ва минбаъд тақсимоти он имкон дорад», - қайд кард Ҳимматов.

Ба гуфтаи ӯ провайдери миллӣ алллакай ба харидани интернет аз ҳамсоякишварҳо оғоз намуда, онро байни провайдерон тақсим мекунад. «Озмоиш гузаронида шуда, аз ҷузъиёташ баъдтар маълумот медиҳем», - иброз дошт ӯ.

Ба саволи журналистон бобати ба қонунгузориии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти монополӣ (инҳисорӣ) дар бозори маҳсулот мухолифат кардани ин навгониҳо, Ҳимматов посухи манфӣ дод. «Ҳамаи ин корҳо дар доираи қонунгузорӣ сурат мегирад», - гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин дар бораи нархи пешниҳоди интернет ба провайдерон чизе нагуфта, танҳо зикр кард, ки айни замон гуфтушунидҳо дар ин хусус идома дошта, вале ҳоло қарордодҳо баста нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳимматов илова намуд, ки аз 1 ноябри соли 2017 «Тоҷиктелеком» арзиши интернетро барои муштариёни худ ба андозаи 20 фоиз поин бурд. Масалан, қаблан тарифи бидуни маҳдудият (бе лимит) 150 сомонӣ нарх дошта, ҳозир он бо арзиши 120 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз кишварҳои ҳамсоя интернет харидорӣ мекарданд.