Кормандон-маъюбони комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноён дар шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор изҳор мекунанд, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир намекунанд.

Аъзои ҷамъияти нобиноён дар Ҳисор 400 нафар ва дар корхона 170 нафар аст. Имрӯз кормандони комбинат ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Кор нест, шароити зиндагӣ хеле душвор. Аксарият барои талбандагӣ роҳи Душанбе ё дигар шаҳрҳоро пеш мегиранд.

Содиқ Баҷгонов, яке аз кормандони комбинат изҳор намуд, ки вақте корхона фаъолият дошт, аз ҳисоби даромади худ кормандонро бо манзил таъмин мекард, вале солҳои 90-ум шахсони бегона барои комбинат қариб ҳамаи манзилҳоро хусусӣ карда, дар натиҷа корхона аз манзилҳои кормандони худ маҳрум шуд.

1/5

- Президент барои сохтмони манзили баландошёна барои мо 1 гектар замин ҷудо кард ва дар доираи ҷашни 3000-солагии Ҳисор онро бояд месохтанд, лекин бо кадом сабабе замин то ҳол холӣ буда, ҳеҷ касе ба ин масъала кор надорад. Аз ин рӯ, маъюбон ба мақомоти гуногун ҷиҳати гирифтани манзил муроҷиат мекунанд, - гуфт ӯ.

Шаҳраки Ҳаёти Нав дар Ҳисор солҳои 70-уми асри гузашта дар робита ба сохтмони комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноён бунёд гардида, дар ин корхона беш аз 10 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешуд, лекин сар аз соли 1995 комбинат қариб аз кор монда, тамоми иншооти зербинои шаҳрак корношоям шуд, қисмате аз мағозаву фурӯшгоҳҳо ва манзилҳо фурӯхта шуданд.