Аз марҳилаи аввали озмуни беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд.

Комиссияи озмун, ки моҳи январи соли равон махсус таъсис ёфта буд, беҳтарин тарабхонаҳоро дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе номбар кард.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - тарабхонаи «Бухоро», дар ноҳияи Шоҳмансур - тарабхонаи «Шарбат», дар ноҳияи Фирдавсӣ - тарабхонаи «Яккачинор» ва дар ноҳияи Сино - тарабхонаи меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» беҳтаринҳо дониста шудаанд.

Дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз миёни ин тарабхонаҳо комиссия беҳтарин тарабхонаи пойтахти Тоҷикистонро интихоб мекунад.

Тозагии қаламрави гирду атроф ва наздикии тарабхона, риояи тамоми меъёрҳои санитарӣ, таваққуфгоҳи автомашина бо посбонҳо, ҷойи қабули сарулибос, вазъи ҳоҷатҳонаҳо, мудом таъмин будан бо оби гарму хунук, мебели хушсифат, зарфу дастурхон, номгӯи зиёд ва гуногуни таъомҳо, сифати хӯрок, саҳна барои ҳунарнамоиву рақс, салқину софкуниии ҳарорат, ҳуҷраҳои алоҳида барои тамокукашӣ, толорҳои зиёфат ва ғайра аз ҷумлаи шартҳои озмун номбар шудаанд.

Маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар остонаи ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.