Ин ҳафта газетаи «Азия-Плюс» бо тарҳи нав чоп шуда, ба ҷуз тағйироти зоҳирӣ, бахшҳои нав низ дар нашрия пайдо шуданд.
Қобили зикр аст, ки газетаи «Азия-Плюс» аз соли 2000 дар бозори матбуоти Тоҷикистон ҷой дошта, дизайн (тарҳ)-и газета ҳамагӣ 4 маротиба иваз шуд.
Тағйироти ҳозира ба ислоҳоти бузургмиқёс марбут аст, ки айни замон дар гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҷараён доранд.
«Дар «Азия-Плюс» низ имрӯз ислоҳот ҷараён дорад, - менависад дар шумораи имрӯзаи газета директори генералии гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» Умед Бобохонов. - Мо газета, сомона ва радиоямонро шавқовару фарогири масъалаҳои муҳими рӯз, ба хонандаву шунаванда, касоне, ки дар ҷомеаи муосиру рушдкунанда зиндагӣ доранду «бетараф будан намехоҳанд», наздиктар карданием. Бовар дорем, ки муваффақ мешавем ва умедворем, ки шумо низ ин тағйиротро пай бурда, баҳои ҳаққонӣ медиҳед».
Сохтори гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» аз газета (ду маротиба дар як ҳафта нашр мешавад), радио ва агентии иттилоотӣ, ҳамчунин маҷаллаи «VIPzone» иборат аст.
Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» аз соли 1996, газета - аз соли 2000 ва радио - аз соли 2002 фаъолият дошта, маҷаллаи «VIPzone» муддати 10 сол аст, ки нашр мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста