Саёҳати виртуалӣ дар манзарҳои Моҳро NASA таҳия намудааст.

Раёсати миллии ИМА оид ба аэронавтика ва таҳқиқи фазои кайҳонӣ (NASA) саёҳати виртуалӣ дар манзарҳои Моҳро нашр кард.

Навори видео аз суратҳое иборат аст, ки муддати 9 соли кори дастгоҳи кайҳонии Lunar Reconnaissance Orbiter аксбардорӣ шудааст.

Бино ба маълумоти РИА Новости, баъзе аксҳо дар самти наздики Моҳ ҷойгир шуда, ба мутахассисони ин соҳа, ки аз замин Моҳро мушоҳида мекунанд, шиносанд. Дигар аксҳо танҳо аз фазои кайҳонӣ возеҳу аён дида мешаванд.

Гуфта мешавад, навори видео дар шакли корбарии 4К гузошта шудааст, ки ба тамошобин барои дидани ҷузъиёти он имкон медиҳад.