2300 Miles to Work (2300 мил то кор) – таҳти ин унвон дар сомонаи газетаи амриокии The New York Times филм нашр шуд. Дар филми 10-дақиқаина дар бораи шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон нақл мешавад, ки ба муҳоҷират ба Русия рафта, бо чӣ амалҳо дар он ҷо дучор мешаванд.

Тавре Muhojir.news.tj хабар медиҳад, филмро Тим Браун дар ҳамдастӣ бо тасвираш (иллюстратор) Ҷорҷ Батлер наворбардорӣ кардааст, ки давоми тамоми муддати сафар ба Тоҷикистон ва сипас ба Русия бо муҳоҷирон қалам бар даст тасвири онҳоро кашидааст. Рассом суратҳои муҳоҷирон ва муҳити гирду атрофи онҳоро ба қалам додааст.


Муаллифи филм нақл мекунад, ки бо наворбардории филм онҳо тасвири муҳоҷирати муосирро нишон доданӣ шудаанд, зеро одамон дар пайи ҷустуҷӯи пул баҳри пайдо кардани имкони кор кардан ва таъмини рӯзгори оилаи худ километрҳои зиёдро паси сар мекунанд.

Имрӯз наздики 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳузур доранд.

«Мо тасмим гирифтем, ки Тоҷикистонро дар маркази тапваҷҷуҳ қарор диҳем, зеро баъди ҷанги шаҳрвандӣ он яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоли маблағҳои пулӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли таназзул қарор дошта, вақте тоҷикони ҷавон ба воя расида, мехоҳанд, ки худашон ва рӯзгори оиларо таъмин кунанд, маъмулан ба як мушкилдот дучор меоянд – дар хона биистанд, ки корёбӣ мушкил аст ё баҳри дарёфти имкон ба Русия раҳсипор шаванд», - менависад муаллиф.

Муаллифи филм дар бораи ду нафар ҷавонони тоҷик – Абдулло ва Оят нақл мекунад, тақдирашон аз ҳамдигар фарқ дорад.

Абдулло 23-сола аст ва сарфи назар аз синнусоли ҷавониаш аллакай кайҳост, ки нони худро дар муҳоҷират меёбад.

«Он ҷо дастон кор мекунанду дар сар фикри инҷост. Дар бораи инҳо фикр мекунӣ, ки гуруснагӣ накашанд. Ҳамаи пулҳое, ки ба ин ҷо меоянд, аз ҳисоби пули кори мо дар Русия аст. Пештар хеле хуб буд. Барои пули зиёд кор крадан имкон буд, - мегӯяд муҳоҷири ҷавон. – Бисёриҳо баргашта, мегӯянд, ки он ҷо кору пул нест, барои чӣ он ҷо меравӣ?».

Ӯ нақл мекунад, ки дар ҷамоати онҳо зиндагӣ хеле душвор буд, аз ин рӯ, барои таҳсилу маълумоти олӣ гирифтан вақту имкон надошт.

Оят ҳам 23-сола аст, вале ба ӯ таҳсил кардан муясссар гардида, дар ватан пул кор мекунад, забони англисиро медонад.

 «Бо фарорасии буҳрон вазъ якбора тағйир ёфт. Доллар қимат шуда, рубл ба беқурбшапвӣ оғоз намуд ва ин боис гардид, ки даромади пулии онҳо низ кам шавад», - нақл мекунад ӯ.

Сафари навбатии Абдулло ба Русия бо қатора сурат мегирад, ки муҳоҷиронро муддати 4 рӯз ба Русия мерасонад. Модар, ҳамсар ва кӯдаки ҳаштмоҳааш дар ватан монданд. Ва ҳамааш ба он хотир, ки ба таъмири хонаҳо дар Маскав машғул шуда, дар як моҳ тақрибан 500 доллар кор кунад.

Дар филм дар чӣ гуна шароитҳо кору зиндагӣ кардани муҳоҷирони тоҷик намоиш дода мешавад. Онҳо ҳикоят мекунанд, ки агар ба дасти пулис биафтанд, ба кадом вазъ гирифтор мешаванд, чӣ тавр онҳо як гурӯҳ рӯи фарш дар мақомоти пулис шабро рӯз мекунанд ва баъди пардохти пора онҳоро ҷавоб медиҳанд.

«Асосан тоҷикону ӯзбеконро азоб медиҳанд, чунки онҳо қонунҳоро намедонанд. Агар ҳуқуқҳои худ ва қонунҳои кишварро бидонӣ, ҳам дар Америкаву ҳам дар Русия аз худ ҳимоя карда метавонӣ», - мегӯяд Абдулло.