Воситаи аз ҳама арзонтари сафар ба Русия чӣ гуна аст? Барои посух ба ин савол портали Muhojir.news.tj дар бораи нархи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои бузурги Русия ва бозгашт аз онҳо гузориш таҳия намуд/
Дар ин гузориш нархҳои ҳадди ақал ва ниҳоӣ ба билетҳои ҳавопаймоӣ зикр шудаанд, ки онҳоро то охири моҳи апрел – аввали моҳи майи соли 2018 пешакӣ харидан ё захира кардан (бронирование) мумкин аст. Ҳамчунин аз нархи билети қатораи роҳи оҳан аз Душанбе ба Маскав низ огаҳӣ пайдо кардем.
Ҳангоми харидани билети ҳавопаймоӣ нархҳо метавонанд фарқ кунанд, зеро ба қурби евро (агар билети ҳавопаймоӣ бошад) ва қурби франки швейтсарӣ (билети қатораи роҳи оҳан) ва санаи интихобкардаи парвоз аз шумо вобастаанд.
Ба маълумотатон мерасонем, ки ба нархи билети ҳавопаймоӣ ҳамчунин тариф низ таъсир мерасонад. Масалан, баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ 10-18 тариф доранд ва бо ҳар кадоме аз тарифҳо 9-10 ҷой ҷудо карда мешавад.
Дар гузориш мо танҳо чанде аз шаҳрҳои Русияро интихоб кардем. Ин ҷо сари хатсайрҳои мустақими ширкатҳое чун «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр», «ЮТ-Эйр» ва «Уралские авиалинии» сухан меравад. Нархҳо ба моҳи апрели соли 2018 зикр шудаанд.
Нарҳо ба билетҳои ҳавопаймоӣ ба қурби сомонӣ вобастаанд ва мо маълумоти Бонки миллии Тоҷикистонро ба санаи 11.04.2018 сол меорем, ки 1 евро ба 10.8977 сомонӣ ва қурби 1 доллар ба 8.8212 сомонӣ баробар аст.
Нархҳо бо низоми фурӯшгоҳҳои хусусии билетҳои ҳавопаймоӣ то охири моҳи апрел (нархҳои тақрибӣ бо сомонӣ. Нарх вобаста ба қурби евро метавонад тағйир ёбад).
Ширкати ҳавопаймоӣ |
Хатсайр |
Нархи паст (бо сомонӣ) |
Нархи баланд (бо сомонӣ) |
Сомон Эйр |
Душанбе – Маскав (Домодедово) |
2387 |
4850 |
Тоҷик Эйр |
Душанбе – Маскав (Домодедово) |
2387 |
4904 |
ЮТ-Эйр |
Душанбе – Маскав (Внуково) |
2298 |
4761 |
Уральские авиалинии |
Душанбе – Маскав (Жуковский) |
2496 |
Аз 4000 |
Сомон Эйр |
Маскав – Душанбе (Домодедово) |
1727 |
4855 |
Тоҷик Эйр |
Маскав – Душанбе (Домодедово) |
1844 |
4904 |
ЮТ-Эйр |
Маскав – Душанбе (Внуково) |
1669 |
4487 |
Уральские авиалинии |
Маскав – Душанбе (Жуковский) |
1815 |
Аз 4000 |
Фурӯшгоҳи «Сомон Эйр» (нархҳои тақрибӣ бо қурби сомонӣ/евро то охири моҳи апрел)
Адрес: 734012, Душанбе, Тоҷикистон, кӯч. Мирзо Мастонгулов 40
Тел.: (+992) 44 640 40 40/50, Fax: (+992) 44 640 12 34
E-mail: [email protected]
Ширкати ҳавопаймоӣ |
Хатсайр |
Нархи паст (бо сомонӣ) |
Нархи баланд (бо сомонӣ) |
Сомон Эйр |
Душанбе -Маскав |
2387 |
Аз 3000 |
|
Душанбе – Санкт-Петербург |
2496 |
|
|
Душанбе - Сочи |
2170 |
|
|
Душанбе - Екатеринбург |
2170 |
|
|
Маскав - Душанбе |
1727 |
|
|
Санкт-Петербург - Душанбе |
2064 |
|
|
Сочи - Душанбе |
1845 |
|
|
Екатеринбург - Душанбе |
2064 |
|
|
Кӯлоб - Маскав |
2355 |
|
|
Хуҷанд - Маскав |
1953 |
|
|
Маскав - Кӯлоб |
1727 |
|
|
Маскав - Хуҷанд |
1760 |
|
Фурӯшгоҳи «Тоҷик Эйр» (нархҳои тақрибӣ бо қурби сомонӣ/евро то охири моҳи апрел).
Адрес: 734012, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. М.Мастонгулов, х. 32/1
Тел.: +992 48 701-50-42
E—mail: [email protected]
Ширкати ҳавопаймоӣ |
Хатсайр |
Нархи паст (бо сомонӣ) |
Нархи баланд (бо сомонӣ) |
Тоҷик Эйр |
Душанбе - Маскав |
2388 |
Аз 3000 |
|
Душанбе – Санкт-Петербург |
2496 |
|
|
Душанбе - Новосибирск |
2171 |
|
|
Маскав - Душанбе |
1845 |
|
|
Санкт-Петербург - Душанбе |
2062 |
|
|
Новосибирск - Душанбе |
2845 |
|
Эзоҳ: Нархи ниҳоӣ аз низоми захираи (фармоиш)-и пешакӣ (бронировапие)-и билетҳои ҳавопаймоӣ гирифта шуда, на ҳамеша саҳеҳ буда метавонад. Дар фурӯшгоҳҳо инро чунин шарҳ доданд, ки аввал билетҳо бо нархҳои ҳадди ақали имконпазир фурӯхта мешаванд, ғайр аз ин, ба нархи билет бисёр вақт сана таъсир мекунад, яъне ҳар чӣ қадр то рӯзи парвоз вақт кам монда бошад, билет қиматтар мешавад. Аммо дар фурӯшгоҳҳо ишора карданд, ки бо вуҷуди ин, фурӯш бо нархи ниҳоӣ, масалан 4737 сомонӣ барои билети Душанбе – Маскав қариб сурат намегирад.
Билетҳои қатораи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (нархҳои тақрибӣ бо қурби сомонӣ/франки швейтсарӣ то охири моҳи апрел).
Тавре маълум шуд то охири моҳи апрел ва ҳатто аввали моҳи май ҳамаи билетҳо ба қатораи мусофирбари Душанбе – Маскав фурӯхта шудаааст, аз ин рӯ, мо нархи эҳтимолӣ ба моҳи майро зикр менамоем
Бахши пешниҳоди маълумоти вокзали роҳи оҳани Душанбе: (+992 37) 227 21 77
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Адрес: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. академик М. Назаршоев, 35
E-mail: [email protected]
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон 1 франки швейтсарӣ ба 9.2349 сомонӣ баробар аст.
Ширкат |
Хатсайр |
Вагони платскарт (нарх бо сомонӣ) |
Вагони купе (нарх бо сомонӣ) |
Роҳи оҳани Тоҷикистон |
Душанбе - Маскав |
Аз 1470 |
Аз 1950 |
|
Душанбе - Волгоград |
Аз 1100 |
- |
|
Нархи миёнаи Маскав - Душанбе |
Ба ҳисоби миёна аз 9 700 рубли русӣ |
Ба ҳисоби миёна аз 13 275 рубли русӣ |