Фестивали бодбаракҳои «Осмони Душанбе» бори нахуст дар шаҳр доир гардида, яке аз чорабиниҳои ҷолибе шуд, ки рӯзи шанбе дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида шуд.
Созмондиҳандагони он гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол», шарикон - Tcell, «Тоҷик Эйр» ва «Гедеон Рихтер» мебошанд.
Тавре ваъда шуда буд, фестивал ба як ҷашни бузурги оилавӣ табдил ёфт: кӯдакон бодбаракҳоро ба фазо сар дода, волидони рӯи сабза истироҳат карданд.
Дар чанде аз озмунҳо ба иштирокчиён аз ширкати «Оби зулол» ҷоизаҳои махсус тақдим карда шуданд. Бо ба охир рапсидани ҷоизаҳо низ мардум ба бозӣ идома доданд.
Ёдрас мекунем, ки ин ҷашн ҳоло ба охир нарасидааст: айни замон озмуни суратҳо аз фестивали «Осмони Душанбе» ҷараён дорад, ки ғолибони он соҳиби телевизор, смартфон ё оташдон (микроволновка) мешаванд.
Барои иштирок кардан дар озмун ба Instagram дар саҳифаи «Азия-Плюс» @asiaplust ё саҳифаи @rc_cola_tajikistan номнавис шудан ва сурати худро дар Instagram бо хештеги #осмонидушанбе нашр кардан зарур аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.