Эҳсосоти худро дар реҷаи онлайн баён созед! Аксҳоятонро аз варзишгоҳе, ки дар он яке аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 баргузор мешавад, нашр намоед! 

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар Русия- рӯйдоди деринтизори варзишист, ки таваҷҷуҳи кулли ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст! Бар пояи таҷриба, дар вақти баргузории сабқати ҷаҳонии футбол теъдоди мухлисони ин навъи варзиш бамаротиб зиёд мешаванд, яъне дар ин вақт миллиардҳо нафар дар ҷаҳон ба футбол пайваст мешаванд ва бозии футболро ҳаводорӣ мекунанд. Дар майдонҳои футбол беҳтарин бозикунҳои ҷаҳон вориди сабқат мешаванд ва мухлисон аз тамоми олам ба Русия меоянд то чунин рухдоди ғайриоддиро бо чашми худ бубинанд.      

Tcell ба унвони як ширкати иноватсионӣ ва пешоҳанг дар бозори телекомуникатсия дар фаъолияту корбурдаш қабл аз ҳама ба талабот ва хоҳиши муштариён тамаркуз мекунад. Бо пешниҳоди нав дар роуминги Tcell дар Русия барои сарфи мегабайтҳо нигарон набошед: ҳамакнун 1 мегабайти Интернет 30 дирам арзиш дорад!

Барои ҳамватанони мо: мухлисони футбол, ки ба тамошои Ҷоми ҷаҳон-2018 мераванд, сайёҳону гардишгарон, онҳое, ки аз симкорти Tcell  истифода мебаранд, ин пешниҳодро набояд аз даст диҳанд! Бо тарофаҳои нави  роуминг дар Русия ҳамеша дар иртибот боқӣ мондан мумкин аст, зеро ин тарофаҳои интернет бо нархи интернети хонагӣ баробар шудаанд.

Таасурот ва эҳсосоти худро аз бозии дастаи дӯстдошта баён кардан,  гузоштани аксу навор, гуфтугӯ бо наздикону пайвандон- хеле осону қулай ва бе иваз кардани симкорту ҷустуҷӯи WiFi имконпазир аст!

Барои пайваст шудан ба роуминги дастрас фармони *601*1# ро иҷро кунед. Хидматрасонӣ дар сурати дар тавозунатон доштани 5 сомонӣ ба таври ройгон фаъол мегардад.  

Tcell – бо мо Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия наздиктар мешавад! 

Иттилоъи бештар ин ҷост: https://www.tcell.tj/content/news/internet-in-roaming-from-tcell-in-russia-only-costs-30-dirams-per-megabyte-/

____________

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.