Анҷоми сохтмони нахустин бинои 30-ошёна дар Тоҷикистон, ки муддати се сол аст дар ҷойи собиқ Главпочтамт бунёд шуда истодааст, дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Дар бинои нав роҳандозии фаъолияти ҳамаи ширкату сохторҳое, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа машғуланд, аз ҷумла ширкатҳои фароҳамсози Интернет (провайдерон) ва операторони мобилӣ пешбинӣ мегардад.

“Дар се ошёнаи аввал таваққуфгоҳҳо барои автомашинаҳо сохта мешавад, зеро дар маркази пойтахт дар ин самт мушкилӣ ҷой дорад”, - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки маросими оғози сохтмони ин бино моҳи апрели соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Он замон зикр гардида буд, ки ин натанҳо маркази маъмурӣ хоҳад буд, балки дар дохили он кинотеатрҳои 3D ва 5D, қаҳвахона, тарабхонаҳо ва ғайра фаъолият хоҳанд кард. Дар боми бинои асосӣ дар баландии 123 метр майдони тамошо сохта шуда, аз он тамоми манзараи пойтахт намоён мешавад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз бинои 20-ошёнаи маркази тиҷоратии “Душанбе-Плаза баландтарин бино дар Тоҷикистон шуморида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.