Ба савол дар бораи сабаби дароз кардани соли хониш боз ба як ҳафтаи дигар аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон посух доданд, ки “барои пурра бо маводи таълимӣ фаро гирифтани хонандагон”.

Мувофиқи қарори ҳукумат аз 25 сентябр, барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дубора таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ баргардонида шуда, лекин дар ҳамин ҳол, соли хониш дар ҷумҳурӣ 36 ҳафтаро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ мувофиқи қарор, имсол чоряки якум – аз 1 сентябр то 31 октябр; чоряки дуюм – аз 11 ноябр то 31 декабр; чоряки сеюм – аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум – аз 1 апрел то 14 июн давом мекунад. Итисно хонандагони синфҳои якум мебошанд, ки таҳсили онҳо як ҳафта пеш – 7 июн ба итмом мерасад.

Сабаби як ҳафта дароз шудан таҳсил дар чист?

Ба гуфтаи Зулфия Сафарова, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илм, мутахассисони соҳа таҳлил гузаронида, он нишон дод, ки бо сабаби вақти нокофии ҷараёни таҳсил, барномаро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ хонандагон дар сатҳи нокофӣ азхуд мекунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб соли таҳсил аз 34 ҳафта (то 25 май) то 36 ҳафта (аз ҳамин сол) дароз карда шуд.

- Сабаби дигар дар он аст, ки дар робита ба шумори зиёди хонадагон, дарсҳо дар ду баст гузаронида мешаванд. Дар аксари кишварҳо дарсҳо дар як баст доир гардида, ин барои ба ҷадвал дохил кардани фанҳои бисёр имкон медиҳад. Ғайр аз ин, солҳои охир фанҳои нав, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, асосҳои иқтисод, алифбои ниёгон, арзишҳои оилавӣ ба барномаи таълим дохил карда шуданд. Мутаносибан барои ин фанҳо соатҳои дарсии иловагӣ зарур мешавад. Боз дар тақвими мо ҷашнҳое ҳастанд, ки тибқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзҳои истироҳат мебошанд. Бо назардошти ҳамаи ин сабабҳо, мутахассисон пешниҳод намуданд, ки соли хониш то 14 июн давом ёбад, - қайд кард Зулфия Сафарова.

Қобили зикр аст, ки таътилҳои тирмаоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон соли 2010 бекор шуда буданд. Сабаби инро ба камбуди барқ ва ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) нисбат медоданд. Ба ивази он як моҳи пурраи январ таътил ҷорӣ шуда, муҳлати таҳсили нимсолаи дуюм дароз карда шуда буд. Волидони хонадагон борҳо аз ин низом шикоят карда, изҳор медоштанд, ки он ба таҳсили толибилмон таъсири манфӣ мерасонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.