Дар саҳифаи “Архитектура Душанбе” дар шабакаи иҷтимоии Facebook тарҳи маҷмааи нави бинои истиқоматӣ нашр шуд, ки ба ҷойи хонаҳо дар буриши кӯчаи Айнӣ ва Лоҳутӣ (ошёнаи якум – мағозаи “Олами китоб”) сохта мешавад.

Лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 26 сентябри соли 2018 (№264) таҳия шудааст.

Муаллифи коркарди лоиҳа ширкати сохтмони ҶДММ “Устувор-2011” буда, ба корҳои сохтмони бино ширкати “Шаҳри зебои ман” машғул мешавад.

1/2

Ёдрас мекунем, ки дар ошёнаи якуми ин бино мағозаҳо, аз ҷумла “Олами китоб”, дар ошёнаҳои дуюму сеюм хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз сокинони ин бино ба шартҳои ширкати сохтмон розӣ набуда, аз ин рӯ, дар мавриди кӯчонидани бино ба прокуратура эътироз овардаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки ин биноро метавон ба рӯйхати мероси арзишманди меъмории шаҳри Душанбе дохил кард.

Ин бино нимаи солҳои 50-ум сохта шуда, дар ошёнаи якуми он мағозаи “Олами кӯдакон” (Детский мир) ва дар ошёнаҳои боло манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир аст. Замоне дар ин хонаҳо сиёсатмадорону нависандагон, ҳунармандону коргардонҳо ва арбобони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз зумраи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммедов, ҳунармандони халқӣ Тӯтӣ Ғаффорова, Маргарита Қосимова, нависанда Ҳабибулло Назаров ва дигарон зиндагӣ кардаанд.

Нимаи солҳои 80-ум мағозаи “Олами кӯдакон” ба мавзеи наздикии Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) кӯчонида шуда, ба ҷойи он универмаги “Олами китоб” кушода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.