АНОНС

- Дар меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси” нишасти хабарии муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ,  матбуот ва дипломатияи ҷамъиятӣ Эмилия Пума баргузор мешавад;

- Дар Маскав Форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” ба кор шурӯъ мекунад;

- Дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон дар Ҳисор бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерт доир мегардад. Консерт дар ҳавои кушод назди Қалъаи Ҳисор баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4182 сомонӣ;

1 евро – 10.8046 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1439 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид

1945 — Оиннномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 26-уми июн ба имзо расида буд, мавриди амал қарор гирифт.

1914-1989 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

1957 – Мавлуди бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

1973 – Зодрӯзи раққоса Дилором Сатторова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +6+10, рӯзона +19+24.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона +1+6.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +27+29.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +16+18.