Рӯзҳои 16-17 ноябр дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ин ярмаркаҳо бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони шаҳр гузаронида мешаванд.

Ярмаркаҳо аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ташкил карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, маҳсулоти деҳқонони Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар бозори “Саховат” ва ҳосили кишоварзони Суғду Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав дар бозори “Меҳргон” ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар майдони собиқ бозори Қарияи Боло метавон аз маҳсулоти кишоварзони Файзобод, Лахш ва Ваҳдат харидорӣ намуда, дар бозори “Ховарон” ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонони Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар ин ярмаркаҳо нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба нархи бозорҳо нисбатан пастттар аст.

Ёдрас мекунем, ки 17 ноябр дар Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати авали нерӯгоҳи Роғун ҷашн гирифта мешавад, ки санаи 16 ноябр бо ҳузури Сарвари давлат ба истифода дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.