Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он, дар шаҳри Душанбе озмунҳои «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» баргузор мешаванд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ному насаби ғолибони озмунҳоро комиссияи махсус таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Мвсума Муинӣ муайян мекунад.

Гуфта мешавад, ба ҳайати комиссия намояндагони Вазорати маориф ва илм, дастгоҳи раиси пойтахт, равоншиносон ва омӯзгорони собиқадор шомил гардидаанд.

Ҷоизадорони озунҳо дар анҷоми соли хониш эълон шуда, онҳо ба диплом ва туҳфаҳои махсуси мақомоти шаҳрдорӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед