АНОНС

- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фестивали “Рангоранг” ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он наздики 60 нафар ҳунармандону косибон аз саросари кишвар иштирок мекунанд;

- Мунтахаби футзалистон (футболи хурд)-и Тоҷикистон ба машқҳои ҷисмонӣ ва назариявӣ оғоз мекунад Марҳилаи аввали тамринҳо дар майдонҳои эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4229 сомонӣ;

1 евро – 10.6875 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1414 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон.

2009 — Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдӯгоҳҳои тамринӣ дар Вазиристони Покистон аз давраҳои омӯзишии махсуси диверсионӣ гузаштаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

1923 – Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Низом Нурҷонов.

1932-1995 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром.

1961 – Зодрӯзи сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф), баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд (борону барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -5-10.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ туман мефарояд.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +14+16.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +1+3.