Раҳмондӯсти Қурбониён, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, яке аз ҳунармандони маъруфи синавмоу ӣеаӣри тоҷик, ҳаҷвнигори шинохта, имрӯз дар синни 77-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар додааст.
Раҳмондӯсти Қурбониён аз ҳунармандони шинохта ва ҳаҷвнигорони номошнои Тоҷикистон буд, ки соли 1944 таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна соли 1960 ба студияи актёрии назди Театри академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо номи асосгузори театри касбии тоҷик Ефим Исаевич Мителман ҳамчун "Студияи Мителман" маъруф аст, дохил гардид. Онро хатм намуда, соли 1964 ба Театри халқии ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба кор рафт. Тӯли даҳ сол дар ин тетар ба сифати ҳунарпеша, коргардон ва роҳбари бадеӣ кору фаъолият намуд.
Соли 1974 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад ва нозукиҳои кори коргардониро ба таври маслакӣ фаро мегирад. Ӯ дар солҳои 1960 - 1980 Театри халқии ноҳияи Москваро ба сатҳи яке аз маъруфтарин театрҳои халқии ҷумҳурӣ мерасонад.
Соли 1988 бо даъвати Вазорати фарҳанг ба Душанбе даъват мешавад ва дар дастаи фолклорӣ - этнографии "Ганҷина", ки дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии Зафар Нозимов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, маъруф буд ба вазифаи коргардони таъин мешавад
Солҳои 1992 - 2010) ҳунарпеша ва коргардони фаъоли Театри намунавии минётураи "Оина" буд. Солҳои 2010 - 2012 ба ҳайси коргардони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард. Баъдан ба дастаи "Наврӯз" - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даъват шуд.
Раҳмондӯсти Қурбониён яке аз чеҳраҳои дурахшони синамои тоҷик буд. Ҳанӯз соли 1962 дар филми Кимёгаров - "Коваи оҳангар" нақши нахустини худро иҷро карда буд. Нақшҳои офаридаи Раҳмондӯсти Қурбониён дар филмҳои "Братан", "Қош ба қош"- и Бахтиёр Худойназаров, "Ситораҳои сари танӯр"- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, "Сароби биҳишт"- и Юнус Юсуфов, "Муҳаббат" - и Умед Мирзоширинов, "Баҳори як кӯча"- и Саидҷон Қодирӣ, "Баррачаи хаёлӣ" аз нақшҳои мондагори синамои тоҷиканд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста