Асалбегим Саодатова, ҳунарпеши мардумии Тоҷикистон ва яке аз ҳунармандони маъруфи театру синамои Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ даргузашт. Асалбегим Саодатова хатмкардаи Донишкадаи ҳунари театрии Луначарскийи Маскав буд.
Маросими видоъ бо ҳунарпеши хушном имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ӯ дар солҳои Шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар намоишномаҳои гуногуни театрӣ ва филмҳо нақшҳои зиёде офаридааст ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дошт.
Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ҳафтаномаи "Оила" гуфтааст: "Кӯдакони кӯчаи худамон баробари дидани ман “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад”-гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад... "
Ӯ дар ин мусоҳиба афзудааст, агар фурсату имкон даст бидиҳад, дигарбора ин нақшро бо ҷону дил бозӣ мекунад, чун “Афсона кӯдакро бо баду неки дунё ошно... ва дар рӯҳияи одамгарӣ тарбия мекунад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста