Озодамоҳ Муҳтарамова, овозхони шинохта ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт имшаб даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони овозхон ва овозхонҳои тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Аз ҷумла Ҳаётой Муминова навиштааст, ки "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи маҳбуб апаи Озодамоҳ Муҳтарамова даргузашт. Худо раҳмат кунад".
Озодамоҳ Муҳтарамова соли 1955 дар ноҳия Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таваллуд шуда ва таҳсили мактаби миёнаро дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба поён расонидааст. Дар синни 13-солагӣ дар театри халқии ноҳия ба унвони овозхон корро оғоз кардааст.
Соли 1989 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон» ва соли 1997 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро соҳиб шудааст.
Озодамоҳ Муҳтарамова аз 2003 инҷониб дар ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кору фаъолият мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Раҳматулло Ҳошим: Сурудҳои ирфонии Одина Ҳошимро ба Ҳизби коммунисту Кумитаи амният мефиристоданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста