Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо, шоми 23-юми июн бар асари беморие, ки дошт, дар синни 67-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш солҳои ахир аз бемории музмини қанд ранҷ мебурд. 

Қарор аст маросими видоъ ва ҷанозаи ин коргардони маъруф дар назди хонааш, бинои баландошёни "Ватан" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор мешавад. 

Ёрмаҳмад Аралев хатмкардаи риштаҳои ҳунармандӣ ва коргардонии  Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографии Маскав буд. Ӯ пас аз хат солҳои 1975-1979 ба сифати ҳунарманди Тетарти академии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст.  Аз соли 1984 то соли 1992 коргардони  филмҳои мустанад ва бадеӣ, иҷрокунандаи нақшҳо дар филмҳои гуногун буд. Солҳои 1991-1992 як муддат котиби  Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳам буд. 

Аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбари бадеии киностудияи "МК" буд. Аз соли 1968 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ. Дар соли 2005 мукофоти давлатии ордем "Шараф"-ро соҳиб шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.