Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, рӯзи 31-уми июл дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора яке аз дӯстонаш Олим Қурбонов дар шабакаи Фейсбук хабар дод.
Дар бораи сабабҳои марги Парвиз Турсунзода то кунун, расман чизе гуфта нашудааст.
Олим Қурбонов бо таассуф навиштааст, ки "ӯ чанд рӯз пештар бароям навишта буд, ки "Олимҷони азиз! Маро фаромӯш накун". Ман аз куҷо медонистам, ки ӯ бо ман видоъ мекунад. Ба суолҳову нигарониҳои ман посух надод. Тасмими гирифтам, ки вохӯрӣ кунем, аммо дер кардам".
Парвиз Турсунзода, хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва солиёни зиёде дар Ироқ ба унвони тарҷумони забони арабӣ кор карда буд. Баъди бозгашт аз Ироқ дар чандин нашриёти Душанбе кор кард.
Баъдан дар идораи "Тоҷикфилм" тарҷумон буд ва филмҳои зиёди хориҷиро тарҷума карда буд. Пас аз он корманди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шуд ва солҳои ахир дар ширкати «Вавилон-Мобайл» кор мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста